Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ, аз ҷумла беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳак мусиқии шаклан озод ва таҷассумгари рӯҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем.

Эмомалӣ Раҳмон

ФАЛАКСАРОЕ АЗ АВҶИ ФАЛАК (Бознашр аз маҷаллаи «Душанбе»)

Давлатдманд Хол. Тасаввур намекунам, ки ин ном барои ҳамватане ноошно бошад. Зеро беш аз ним аср боз садои дилнишину таронаҳои рўҳбахшаш дар фазои ҳар як хонадони тоҷикистонӣ танинандоз аст. Ў дар фаъолтяти эҷодӣ услуби хосаи худро ташаккул ва рушд додааст. Устоди ҳунар, фалаксарои номвар Давлатманд Хол ба ашъори баландмазмуни шоирони классики форсу тоҷик ва адибони муосир оҳанг баста, онҳоро бо сабқи ба худ хос месуруду месарояд. Теъдоди сурудҳои эъҷодкардааш аз 200 бештаранд.

Банда ҳамчун яке аз алоқамандони ҳунари волои Давлатманди Хол борҳо дар консертҳояш будам ва дидаам, ки дар варзишгоҳи марказии Душанбе, шаҳрҳои Кўлобу Қурғонтеппа ҳангоми баромади устод мухлисон чӣ гуна ба ваҳд омада, ўро бо кафкўбиҳои бардавом истиқбол мегирифтанд ва аз саҳна рафтан намемонданд, талаб мекарданд, ки хонад, боз хонад ва такрори ба такрор хонад. Устод ҳамеша ҳамқадами замон аст ва мехоҳад сурудаш ҳамоҳанги замон бошад. Кўшиш менамояд маҷрои ҳунару истеъдодашро вобаста ба тақозои рўз такмил диҳаду боло бардорад. Ана, барои ҳамин ҳам, сурудҳояш даҳсолаҳо боз мақбули дили мухлисони бешумораш мебошанд.

Давалманди Хол яке аз тарғибгарони бузурги санъати касбии кўҳистони тоҷик маҳсуб мешавад. Устод дар истифодаи вақт хеле сарфакор мебошад. Таъкид намудани он нуқта бамаврид аст, ки ин устоди бузурги санъату мусиқӣ бидуни шак  саррофи гавҳаршинос буда, қадри  сухани нобро хеле ва хеле хуб медонад ва дар эъҷодиёташ аз  осори гаронбаҳои шоирони ширинкаломи форсизабон фаровон истифода  намудааст. Аз қироат ашъори ноб лаззати маънавӣ мегирад ва пайваста пайи дарёфти олитарин матнҳо барои сурудҳои нав мебошанд. Дар интихоби шеър хеле эҳтиёткорона муносибат карда, бо табъи баланду нозукписанди хеш танҳо ба дурдонаҳои пурқимат назми форофаридҳои худро бо маҳорати баланди сарояндагӣ иҷро мекунад.

Соли 1989, вақте дар назди Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кўлоб ансамбли давлатии “Фалак” таъсис дода шуд, роҳбарони ҳамондавраи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ сарварии онро бе дудилагӣ ба зиммаи устод Давлатманди Хол вогузор намуданд. Дар ансамбл дар паҳлуи устод беҳтарин овозхонон ва донандагони фалаки  ин минтақа, чун устод Файзалӣ Ҳасан, Назаралӣ Холов, Хиромон Қурбонова, Абдулхайр Муъминов, ситораи рақси саҳнаи имрўзаи тоҷик Хайринисо Ватанова ва боз бисёре аз донандагони ин жанри мардумӣ  ҷамъ омаданд. Агар ба он даврон аз нигоҳи сиёсати замон бингарем, ташкили чунин як ансамбли халқӣ ва фаъолияти пурсамари он дар рушду нумўи санъати тоқик аҳмияти хело муҳим дошт. Дар ороиши саҳна ва барномасозии ин ансамбл саҳми ҳунарманди нотакрор, устоди саъати тоҷик Убайдулло Раҷаб хеле арзанда буд. Натиҷаи заҳмати дастаҷамъонаи аҳли ансамбл ва албатта, сарвари гуруҳи ҳунарӣ буд, ки дар як муддати кўтоҳ шуҳрату шони ин ансамбли ҳақиқатан ҳам халқӣ дар тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он паҳн гардид. Ҳаводорон ва мухлисони ин жанри қадим на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он ташнаи шунидани сурудҳои халқии кўҳистонӣ буданд ва ансамбли “Фалак” тавонист зуд дар дили онҳо маъво кунад. Чи тавре ки мухлисону ҳаводоронаш мегўянд, бо садои ҷозибадори Давлатманд Фалак аз қалбҳои нолон берун омада, қалбҳои оламиёнро фаро гирифтааст.

Саҳми Давлатманди Хол дар рушду нумўи мусиқии миллӣ воқеан бузург аст. Ў тавонистааст Фалакро дар авҷи воло гузорад. Қадимтарин жанри мусиқии суннатиамон бо ҷаҳди Устод дар низоми касбии таълимии мусиқӣ ворид карда шуд.

Ба ҳаводорони ин жанри дўстдоштаи мардуми мо маълум аст, ки санъати фалакхонӣ ҳам сарояндагӣ ҳасту ҳам оҳангсозӣ. Давлатманди Хол аз ибтидо кўшидааст ин ду ҷодаро ҳамзамон паймояд. Ҳамин аст, ки дар баробари сарояндагӣ ў асарҳои хеле пурмазмуни мусиқӣ ҳам офаридааст. Кам ҳунармандеро пайдо кардан мумкин аст, ки чун Устод созҳои мусиқиро бо чунин маҳорату завқу баланд навохта тавонад. Ҳамчун устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхўҷа Сатторов устод жанри фалакро ба адвор ворид  намуда, ба дошишҷўён ва ихлосмандону ташнагони ин жанр меомўзонад.

Бояд ёдовари шуд, ки устод ҳангоми эҷод намудани ин ё он оҳанг мутобиқи мавзую мундариҷа дар интихоби калимаю ибораҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ҳамин аст, ки сурудҳои эҷоднамудаи устод ҷовидонаанд ва ҳадафмандона ба дилу дидаи шунаванда расонида мешаванд, ки мақбули дўстдоштаи сомеонаш гардидаанд. Дар фаъолияти эҷодии зиёда аз нимасраи худ, устод Давлвтманд ба шеърҳои устодони каломи бадеъ оҳангҳои зиёду дилнишин баста, сурудҳои фаровонеро эҷод намудаанд, ки ҳамеша тавассути телевизиону радиои ҷумҳрӣ ва радиои бурунмарказӣ садо медиҳанд ва ҳамчун гавҳари гаронбаҳо дар хазинаи тиллоии радио ҷой гирифтаанд.

Яке аз сурудҳои хеле фораму дилчаспе, ки бо як лаҳни нозуку дилпазир ба шунавандагон пешкаш кардааст, бар ғазали Мавлоно “Дур машав” мебошад, ки он шунавандаро ба рақси самоъ меорад. Ҳамин аст, ки он алалхусус ин сурудро мардумони кишварҳои ҳамсоя ва ҳамзабон хеле писандидаанд. Бо ин суруди Устод гўё дар бадани сухан ҷони зинда ворид гашта,аз шунидан ва ё тараннум кардани он дили кас ба ваҷд меояд:

Эй шуда ғарра дар ҷаҳон, дур машав, дур машав,

Ёру нигор дар барат, дур машав, дур машав.

Халқ манам, хона манам, дом манам дона манам,

Оқилу девона манам, дур машав, дур машав.

Чунин эҳсос мегардад, ки ин ғазал гўё маҳз барои сурудан бо ин оҳанг офарида шудааст. Он нозук ба торҳои маҳини эҳсосоти шунаванда таъсир мерасонад ва завқи бадеии ўро бедор менамояд. Устод ин ғазалро бо як маҳорати баланд, бо як лаҳни дилфиребу дилнишин оростаю пероста сурудааст, ки бо чунин лаҳни шево шунидани он дили шунавандаро тасхир менамояд.

Давлатманди Хол шеъри “Шоҳнома”-и Гулрухсорро бо як оҳанги фораму дилнишин ва бо як шавқу шўри баланд чунон месарояд, ки шунидани он ба дил шодию сурур мебахшад ва эътибору эътиқоди инсонро ба ватану ватандорӣ зиёд мегардонд.

Дар тасаввури шунаванда  гўиё худи ў, яъне шунаванда, ин асари ҷовидона, “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсиро мутолиа карда истодааст.

Шоҳнома сухан аст, сухани бемаргӣ.

Шоҳнома рўҳ аст, ба тани бемаргӣ.

Шоҳнома Ватан аст, Ватани бемаргӣ.

Оре, оре, Шоҳнома Ватан аст!  

Давлатманди Хол ба мавзуи васфи модар низ таваҷҷуҳи хос дошта, модарномаи мукаммале дорад. Дар ин миён тараннуми шеъри устоди зиндаёд Лоиқ “Модар “мақоми хосе дорад:

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,  

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дунёи сахтгўшон,

Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.

Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам,

Дар тинатам сиришта сўзу навои модар.

Дар давоми солҳои фаъолияти бобаракати хеш кўшиши зиёде ба ҳарҷ дод, ки шогирдони хушсалиқаеро тарбия намояду  дар миқёси ҷумҳўри рўйи саҳнаи калон барорад. Дар мактаби эҷодии устод овозхонҳои маъруфи кишвар бародаронаш Назаралӣ ва Нурулло Холовҳо, Носир Сафаров, Хиромон Қурбонова, Абдулхайр Муъминов, Панҷшанбе Ҷорубов аз Бадахшон, Донишманд Қутбиддинов аз вилояти Суғд ва даҳҳо нафари дигар ба камол расида, аз ҷониби аҳли санъату фарҳанги мамлакат эътироф гардидаанд. Аксари шогирдони устод барои хизмати шоистаашон соҳиби унвонҳои баланди соҳа низ гаштаанд.

Сарояндаи хушсалиқа Абдулхайр Муъминов, ки дар пайравии устод сурудҳои ўро дар маъракаю хурсандиҳои мардум  тақлиду бозхонӣ мекард, аз хотираҳояш дар бораи устод чунин ёдовар мешавад, ки солҳои 80-уми асри гузашта, ҳангоми донишҷўйи Иниститути хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон буданаш, боре дар як сафари ҳунарӣ бо устод имкон ёфта, вохўрда ҳамсуҳбат мегардаду мегўяд: - Мехоҳад, ки мухлису пайрави мактаби эҷодии устод мебошад ва маслиҳат пурсад, то дар оянда чӣ кор кунад.

Ў дар ҷавоб ба ў гуфтааст: - Аз оне ки сурудҳои маро мехонӣ, миннатдорам, мебинам, ки овози  форами хуб дорӣ, вале  додарҷон, тақлид ҳеҷ гоҳ касро ҳунарманди касбӣ намекунад ва ба мартабае ҳам намерасонад, ҳамин  ки пеш аз ҳам ҳангоми сурудхонӣ матнҳоро хато накарда хондан лозим аст. Саъй ва кўшиш намо маҷрои сурудхониатро дигар созӣ. То тавонӣ оҳангу равияи худро пайдо ва сурудҳои баландмазмунро ба шунаванда пешниҳод намо.  

Абдулхайр Муъминов суханони ин устоди бузурги санъатро дар кору рўзгори худ фаровон истифода намуда,имрўз бо оҳангҳои офаридаи худ  ва равияи  худ дар байни мардум сазовори эътибору  эътироф гардидааст.    

Боиси ифтихор аст, ки асарҳои офаридаи ҳунарманд на танҳо дар Тоҷикистони азизамон, балки берун аз он, алалхусус  дар кишварҳои ҳамдину ҳамоин ва ҳамфарҳангу ҳамзабони мо Эрону Афғонистон хеле баланд  пазируфта шудаанд.          

Ҷойи муҳобот нест агар гўем, дар симои Давлатманди Хол дар кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла давлатҳои ҳамҷавору ҳамзабони мо, як хунарманди  асили мардуми тоҷикро мебинанд ва мешиносанд. Санъати оҳангсозӣва сарояндагии устодро сомеъонаш меписанданд ва хеле эътироф ҳам кардаанд. Ҳамин аст, ки суруд ва оҳангҳои офаридааш писанди мардуми Тоҷикистон ва берун аз он гаридаанд. Аз ин рў, онҳо ўро  ба  кишварҳои худ тез-тез даъват мекунанд, то дар ҷашнвораҳову маҳфилҳои онҳо иштирок намояд ва хотири мухлисону ҳаводоронашро шод намояд.

Мегўянд, ки ҳунарманд ҳамроҳи мухлисонаш пир мешавад. Шояд, ҳамин хел ҳам бошад. Аммо устод Давлатманд ҳамон сарояндаест, ки чанд насл мухлисонаш аз овози марғуладори ў лаззат бурданду бо шунидани сурудҳои ў бузург шуданд. Мухлисони  устод аз рўйи ихлосу дўстдорӣ ҳангоми шунидани овози устод бо ў ҳамовоз шуда, сурудҳои ўро зери лаб замзам мекунанд.

Ў дар муддати ҳунарварии худ, бо заҳмати фаровону оиўзиши бепоён як мактаби махсус ва сабки сарояндагии худро бунёд  гузоштааст. Дар баробари пайравону шогирдони сершумор фарзанди ў Лоиқ Хол имрўз дар пайроҳаи падар устуворона қадам мезанад. Ў дар ҳайати ансамбли давлатии “Фалак”-и Кумитаи телевизони ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овози дилчаспу гуворои падармонанд  ва суруду оҳангҳои дилнишинаш мақому манзалати  хоси хешро аллакай пайдо намудааст. Мақсад, ў агар аз як ҷиҳат сурудҳои падарро аз нав эҳё сохтану бозхонӣ намудан бошад, аз ҷониби дигар маҳорати эҷодию овозхониашро сайқал додан аст. Ҳамин аст, ки имрўз Лоиқ сарояндаи дўстдоштани ҷавонон гардидааст. Бо дастгириву роҳнамои падари бузургвораш даҳҳо сурудҳои нави хешро барои хазинаи радиою телевизион сабт карда истодааст.

Шарти аввалине, ки устод аз шогирдону пайвандонаш талаб мекунад, ин бе фонограмма дар маъракаву консертҳо сурудан аст. Устод ҳангоми ба шогирдонаш таълим додан, таъкид мекунад, ки дар саҳна “зинда” хондан ҳам ҳофизро тарбия мекунаду ҳам навозандаро.

Бо вуҷуди синни мубораки беш аз 70-солаги хеш устод ҳанўз бо неру ва матонати қавӣ рўйи саҳна устувор аст ва дар чорабинию маҳфилҳои давлативу ҷамъиятӣ низ хунарнамоӣ мекунад.

Бе муболиға метавон гуф, ки садои дилнишину рўҳафзои Давлатманди Хол аз дуриҳои дур роҳ гирифта ҷониби қалбҳо ва шухраташ дакка хўрда то Сурайё.

Устод рисолати муқаддаси худро дар хизмат ба мардум, хизмат ба миллат ва ҳунару санъат медонад ва ҳамеша дар бораи мусиқии касби ҷаҳонӣ меандешад.Тамоми саъю талоши ў ба он равона гардидааст, ки мусиқии касбии мо ҷаҳонӣ бошад. Таманои онро дорем,ки ин саъю талош ва ҳама орзую омоли устод Давлатманди Хол амалӣ гарданд.

Қурбоналӣ Ҳусейнов, собиқадори мақомоти

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Тамос бо мо 

Хиёбони Рудакӣ, 33 Душанбе 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • «Фалак» маҷмуи  оҳангу таронаҳои силсилавии мардуми тоҷик буда, бештар дар навоҳии куҳистон маъмул аст, зеро марди кӯҳистонӣ аз дасткӯтоҳиву нодорӣ, нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, роҳ сӯйи кӯҳсор мегирифт ва рӯ ба осмон оварда, фарёд мезад, дарду ғам ва розу ниёзи худро тавассути «нолаву фарёди ҷигарсӯз» алайҳи бедодиву нокомиҳои замона ба додрас – офаридгори оламу одам ифшо менамуд.

Дар бораи мо

«Фалак» – мусиқии суннатии касбии мардуми тоҷик мебошад, ки тӯли асрҳо ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷрои вазифа кардааст. Дар суруди «Фалак», асосан, дубайтӣ ва ё рубоие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум бошад.

Суроғаи электронӣ

Бо мо дар тамос шавед бо суроғаи электронӣ