Бобои ӯ амаки Барот ва падараш сарояндаву навозандаи машҳур буданд. Амакаш Раҷабмади Валӣ (1880-1953) дар навохтани созҳои миллӣ ва сарояндагӣ ҳамто надошт. Ин буд, ки ӯ соли 1943 ба унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон шарафёб гардид. Раҷабмад соли 1880 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод (ҳозира Шамсиддини Шоҳин), дар оилаи ҳофизи машҳур, амаки Валӣ ба дунё омадааст. Айёми хурдсолӣ бо падар ва бародараш Мираҳмад дар маъракаҳо ба ҳайси навозандаи дойра ва таблак иштирок менамуд. Айёми ҷавонӣ ӯ ҳамчун навозандаи созҳои миллӣ ва сарояндаи сурудҳои фалакӣ машҳур шуда буд. Овози баланду пурқуввати марғуладор дошта, сурудҳои фалакиро бо сабку услуби хос иҷро менамуд. То соли 1933, ки сарҳади байнӣ Тоҷикистону Афғонистон кушода буд, ӯ ба он сӯи дарёи Панҷ сафарҳои ҳунарӣ намуда, бо ҳофизони дар он замон машҳури афғон Назрӣ Оллоҳ ва Абдимади Шин якҷоя ҳунарнамоӣ менамуд. Дар сарзамини афғон низ мухлисони зиёд дошт.
Соли 1931 дар Кӯлоб озмуни «Ҳунармандони халқӣ» баргузор гардид, ки дар он Раҷабмади Валӣ, Ҷӯрахони Ятим, ансамбли оилавии Миркамоли бадахшонӣ ва дигар ҳунармандон ширкат доштанд. Дар ин озмун Р. Валӣ сурудҳои «Шудам дар оташи ишқат кабоб оҳиста-оҳиста», «Дил-дил» ва «Эй духтари оинагар»-ро иҷро намуда, сазовори ҷои якум гардид.
Соли 1948 дар Душанбе Олимпиадаи ҷумҳуриявии истеъдодҳои мардумӣ баргузор шуд. Раиси вақти комиҷроияи Шӯрообод Бобо Носир бародарон Раҷабмад ва Мираҳмад Валиевҳоро ба Кӯлоб фиристод ва онҳоро Ҳаким Маҳмуд ва Хайрулло Абдуллоев чанд муддат машқ доданд. Дар ин олимпиада Раҷабмад бо бародараш суруди «Шоду хандон омадем»-ро дар матни С. Вализода иҷро намуданд. Роҳбари вақти Ҷумҳурӣ Б. Ғафуров онҳоро табрик намуда, тӯҳфа супорид. Бародарон Валиевҳо бо бузургони фарҳанги замон А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Б. Раҳимзода вохӯрӣ гузарониданд. Бо супориши Б. Ғафуров Р. Валӣ сурудҳои «Муфлисӣ», «Султон Ҷам-ҷама», «Ҳазрати Бурхи Сармаст»-ро ба хазинаи радиои ҷумҳуриявӣ сабт намуд. Ӯ дар синни 63 солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт.
Айни замон давомдиҳандагони ҳунари волои овозхонии ӯ додарзодагонаш Давлатманди Хол ва бародарони ӯ Назаралӣ, Нурулло, Сайидалӣ мебошанд.
Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон яке аз беҳтарин донандаву иҷрокунандаи сурудҳои фалакӣ, бешубҳа Д.Хол аст. Падару амакаш дар созҳои миллии ғижаку думбура оҳангу таронаҳои фалакиро навохтаву месуруданд. Ӯ дар бисёр чорабиниҳои гуногун ҳамроҳи онҳо буд ва аз ҳунарнамоиашон баҳрабардор мегардид. Ҳунарварии падару амакаш ба инкишофи истеъдоди навозандагиву сарояндагии Давлатманди хурдсол бетаъсир намемонд ва меҳри санъату ҳунарварӣ тадриҷан дар дили кӯчакаш лона мегузошт. Ӯ соҳиби овози худодод буда, истеъдоди модарзоди дарку шунавоии мусиқӣ дошт. Маҳз ҳамин омилҳо соли 1974 ӯро ба даргоҳи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (ҳоло ДДФСТ) ба номи М. Турсунзода овард. Солҳои донишҷӯӣ дар факултети мусиқӣ-омӯзгории донишкадаи мазкур (1974-1978) аз устодони ҳунар профессорон Аҳмад Бобоқулов, Карим Ҳалим ва дигарон дарси маҳорат омӯхт. Ҳанӯз дар ҳамон солҳо оҳангу таронаҳояш тавассути барномаҳои консертии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ пахш гардидаву дар саросари кишвар мухлисони зиёд дошт.
Пас аз хатми донишкадаи санъат Давлатманд ба Театри мусиқӣ-драмавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба кор омада, то соли 1989 дар ин даргоҳи ҳунар фаъолият намуд, ки дар рушду такомули санъати навозандагиву сарояндагиаш нақши бузург гузошт. Дар ин даргоҳ ӯ бо ҳунармандони машҳур Одина Ҳошим, Файзалӣ Ҳасан, Қурбон Зардак, Сурайёи Қосим ҳамкорӣ намуда, ба шаҳру деҳот ва навоҳии гуногуни Тоҷикистон сафарҳои ҳунарӣ намудааст.
Такягоҳи асосии ӯ дар ҷодаи ҳунар истеъдоди фитриву авлодии ӯст, ки аз гузаштагон, обову аҷдоди ҳунармандаш ба мерос гирифтааст. Бобову падар ва амаки ӯ таронаҳои фалакиро чунон дилрас ва бо маҳорат иҷро менамуданд, ки мардум сурудҳои «Фалак»-ро бо номи онҳо тавъам ба забон мебурданд. Масалан бо номи бобояш «Фалаки Баротӣ», бо номи падараш «Фалаки Хол», бо номи амакаш «Фалаки Раҷабмадӣ». Ба хотири пояндагии ному ҳунари ниёконаш ансамбли оилавии Холовҳоро ташкил намуд, ки бо равияву мактаби хосаш дар иҷрои оҳангу сурудҳои фалакӣ дар саросари кишвар ва бурун аз он маълуму машҳур гардида, ба дили ҳазорон мухлисон ҷой гирифт.
Бо ташаббусу заҳматҳои ӯ ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1989 дар Кӯлоб ансамбли давлатии фолклорӣ-мардумии «Фалак» таъсис дода шуд.
Ӯ мегӯяд, ки дар давоми фаъолияти ҳунариаш барои ҳаводоронаш барномаҳои зиёди консертӣ пешкаш кардааст, лекин барои худаш аз ҳама хотирмон барномаи консертии «Ширу шакар», ҳамроҳи шоири бузурги миллати тоҷик, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ буд.
Дар ҳақиқат ӯ ба чандин шеърҳои устод Лоиқ оҳанг бастааст, ки сурудҳои беҳтарини гӯшнавозу дилраси «Ману дарё», «Дилам месӯзад» тавлид ёфтаанд. Инчунин таронаҳои «Дур машав» (Ҷ. Балхӣ), «Ёд накард» (Ҳофиз), «Зиндагӣ» (Бедил), «Таронаи «Шоҳнома» (Гулрухсор)» пуршӯру марғубанд.
Ӯ ба кишварҳои Япония, Ҳиндустон, Эрон, Британияи Кабир, Олмон, Испания, Италия, Юнон, Австрия, Норвегия, мамолики Араб сафари ҳунарӣ намудааст.
Сафари ҳунармандони тоҷик ба Фаронса, ки соли 2005 бо ҳамроҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, хотирмон буд. Онҳо дар рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон, ки бо қарори ЮНЕСКО ҷашн гирифта мешуд, ба ин мамлакат омадаву ҳунарнамоӣ карданд, ки мақбули ҳамагон шуд. Чанде аз ҳунарварони тоҷик ба пазироии президенти вақти Фаронса Жак Шерак мушарраф гардиданд, ки дар байни онҳо Д. Хол низ буд. Жак Шерак соҳиби фарҳанги бою қадима будани халқи тоҷикро таъкид намуда, ба санъати пурғановати он, бахусус «Шашмақом»-у «Фалак» ва ҳунарварии ҳунармандони мо баҳои баланд дод.
Айни вақт Д. Хол дар баробари фаъолияти ҳунарӣ, ба омӯзишу таҳқиқи илмӣ-назариявии оҳангу таронаҳои «Фалак» машғул буда, дар ин ҷода низ ба муваффақиятҳо ноил гаштааст. Ҳоло ӯ роҳбарии Ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Абубакр Зубайдӣ