Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ, аз ҷумла беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳак мусиқии шаклан озод ва таҷассумгари рӯҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем.

Эмомалӣ Раҳмон

  Китоби мазкур маводи Сеюмин симпозиуми байналмилалии ФАЛАК-ро дар бар мегирад. Иштирокчиёни ин симпозиум олимони барҷаста, мусиқишиносон, мутрибони суинатӣ, унвонҷӯёни фанни мусиқӣ, рӯзноманигорону фарҳангшиносон мебошанд. Маҷмӯъа пахлӯҳои гуногуни омӯзиши жанри зебои мусиқии тоҷикони куҳистон - Фалакро дар мусиқишиносии ҷаҳонӣ инъикос намуда, барои шиносоӣ бо мусиқии тоҷик ва инчунин халқҳои ҳамсояи ҳамзабош ҳамфарҳанг мусоидат мекунад.

  Китоб барои мусиқишиносон, фарҳангшиносон ва мухлисони фанни мусиқӣ ба чоп омода гаштааст.

Фалак ва масъалаҳои таърихӣ-назариявии мусиқии тоҷик. — Душанбе: «Адиб», 2009. - 248 с.

Тамос бо мо 

Хиёбони Рудакӣ, 33 Душанбе 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • «Фалак» маҷмуи  оҳангу таронаҳои силсилавии мардуми тоҷик буда, бештар дар навоҳии куҳистон маъмул аст, зеро марди кӯҳистонӣ аз дасткӯтоҳиву нодорӣ, нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, роҳ сӯйи кӯҳсор мегирифт ва рӯ ба осмон оварда, фарёд мезад, дарду ғам ва розу ниёзи худро тавассути «нолаву фарёди ҷигарсӯз» алайҳи бедодиву нокомиҳои замона ба додрас – офаридгори оламу одам ифшо менамуд.

Дар бораи мо

«Фалак» – мусиқии суннатии касбии мардуми тоҷик мебошад, ки тӯли асрҳо ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷрои вазифа кардааст. Дар суруди «Фалак», асосан, дубайтӣ ва ё рубоие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум бошад.

Суроғаи электронӣ

Бо мо дар тамос шавед бо суроғаи электронӣ