Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ, аз ҷумла беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳак мусиқии шаклан озод ва таҷассумгари рӯҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем.

Эмомалӣ Раҳмон

Одина Ҳошим

  • 23 ноябри 2019
  • 28201 хондаанд

 

Шаҳсутуни  санъати тоҷик Одина Ҳошим агар зинда мебуд, имрӯз, 13-уми июн ба синни мубораки 80 медаромад. Аммо умри ин булбули хушсадо, ин донишманди варзида, ин таронасарои мақбули дилу дида басо кутоҳ буд. Ӯ дар синни панҷоҳу панҷсолагӣ тарки олам кард ва ҳазорон мухлисону алоқмандонашро дар сӯг нишонд.

Тағоймурод Хушвақтов

  • 23 ноябри 2019
  • 7947361 хондаанд

  Ҳунарманди маъруф Тағоймурод Хушвақтов, ки миёни мардум бо номи Қории Ёвонӣ шуҳрат дорад, рӯзи 2-уми апрел 70-сола мешавад.  17 сол пеш бар асари сактаи қалб дар синни 53-солагӣ тарки олам кард. Шуҳрати беандоза дошт, шахсияти дар ҳунар беназир буд. Бино ба гуфтаи  Салоҳиддини Убайдулло, директорихонаи фарҳангу ҳунари ноҳияи Ёвон, ки худро аз шогирдони м арҳум медонад, Тағоймурод “аз модар як шахсияти комил ба дунё омадабуд, нобино буд, вале ҳиссиёти дарк карданродошт. Дарзмолро кушода тармим мекард ва баболои бом баромада тармим мекард. Якнафаро агар даҳ сол пеш дида бошад ҳам, бори дигар агар медид, аз садояш мешинохт. Агар баъди 10 сол медид, бидуни шунидани садояш ӯро мешинохт. Афсӯс, ки орзуҳояшро бо худбурд, мехост, ки таронаҳои бештаре иҷро кунад."

Тамос бо мо 

Хиёбони Рудакӣ, 33 Душанбе 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • «Фалак» маҷмуи  оҳангу таронаҳои силсилавии мардуми тоҷик буда, бештар дар навоҳии куҳистон маъмул аст, зеро марди кӯҳистонӣ аз дасткӯтоҳиву нодорӣ, нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, роҳ сӯйи кӯҳсор мегирифт ва рӯ ба осмон оварда, фарёд мезад, дарду ғам ва розу ниёзи худро тавассути «нолаву фарёди ҷигарсӯз» алайҳи бедодиву нокомиҳои замона ба додрас – офаридгори оламу одам ифшо менамуд.

Дар бораи мо

«Фалак» – мусиқии суннатии касбии мардуми тоҷик мебошад, ки тӯли асрҳо ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷрои вазифа кардааст. Дар суруди «Фалак», асосан, дубайтӣ ва ё рубоие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум бошад.

Суроғаи электронӣ

Бо мо дар тамос шавед бо суроғаи электронӣ