Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ, аз ҷумла беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳак мусиқии шаклан озод ва таҷассумгари рӯҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем.

Эмомалӣ Раҳмон

  Мусиқии касбӣ-суннатии шифоҳии мардуми тоҷик, ки аз ниёгони фарҳангсолору тамаддунофари  мо мерос мондааст, таърихи бою рангин дошта, решаҳои он ба умқи қарнҳо мерасад,  аз он ҷо сарчашма мегирад ва бо латофату рангомезии алҳонаш аз қадимулайём машҳур буда, дар он шодию сурур ва андӯҳи халқ инъикос гардидааст.  Ин мероси бебаҳо таҷассумгари софию покизагӣ, ваҳдату дӯстӣ,  садоқату инсонпарварӣ ва орзую омоли мардуми тоҷик буда, тӯли асрҳо чун ифодагари анъанаю маросимҳои халқ пойдор мондааст. Мусиқӣ ва суруду тарона яке аз қадимтарин мероси фарҳангии тоҷикон буда, падидаи худовандӣ ба ҳисоб мерафт. Одамон  рӯ ба осмон оварда, тавассути он розу ниёзашонро ба офаридгори худ ифшо менамуданд.  «Фалак» дар луғат ба маънои афлок, осмон, сипеҳр, кайҳон омада, вожаҳои маҷозии чархи гардун, тақдир, сарнавишт низ ифодагари ин  маъно мебошад. Мафҳуми бадеиву фалсафии фалак дар адабиёти классикии форсу тоҷик бо ибораҳои «фалаки ҷомакабуд», «фалаки каҷрафтор», «сипеҳри бемурувват», «гардуни дун»,  «сипеҳри  сифлапарвар»,  «фалаки донокуш», «чархи золим» ва амсоли инҳо ифода гардидааст. 

   Ӯ суруд мехонад, нола мекунад, фарёд мезанад, овои ҷигарсӯз мекашад. Ҳангоми сурудан саропо ба муҷассамаи шеъру суруд табдил мегардад. Аз таҳти дилу мағзи ҷон, самимиву дардолуд замзама месозад. Сурудаш руҳро навозиш кардаву ба дилҳо сурур мебахшад. Ҳамроҳ бо сурудҳои фалакии ӯ руҳи сомеъ ба фалакҳо пар мекашад. Ин марди фарзонаву соҳибдил Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманди Хол мебошад, ки бо дидани чеҳраи кушоду қиёфаи табиатан моил ба табассуми ӯ дили кас рӯшан ва табъаш болида мегардад. Марди фозилу хушгуфтор аст. Мазмуни шеърро хуб дарк мекунад. Дар интиҳоби шеър ва эҷоди оҳанги ба он мувофиқ зиёд заҳмат мекашад. Ҳангоми коркарди оҳанг ё таронаи ба тозагӣ эҷодгардида, нисбат ба худу шогирдон ва дастаи навозандагон сахтгиру серталаб аст. Хуни дил мехурад, то ин ки суруди наваш ба дилу руҳи шунаванда корагар бошад. Ҳунари воло ба акаи Давлатманд аз падару бобо мерос мондааст.

  Дар толори «Ошёни булбулон»-и Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишасти илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба «Рўзи фалак» дар мавзўи «Фалак ва рушди он дар замони истиқлол» баргузор гардид. Дар нишаст зиёда аз 60 нафар ҳунармандону мутахассисон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Муассисаи давлатии Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Институти забон адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии ба номи Абуаддуллоҳи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, намояндагони воситаҳои ахбори омма, кормандони Китобхонаи миллӣ ва рўзноманигорон иштирок намуданд.

Тамос бо мо 

Хиёбони Рудакӣ, 33 Душанбе 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • «Фалак» маҷмуи  оҳангу таронаҳои силсилавии мардуми тоҷик буда, бештар дар навоҳии куҳистон маъмул аст, зеро марди кӯҳистонӣ аз дасткӯтоҳиву нодорӣ, нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, роҳ сӯйи кӯҳсор мегирифт ва рӯ ба осмон оварда, фарёд мезад, дарду ғам ва розу ниёзи худро тавассути «нолаву фарёди ҷигарсӯз» алайҳи бедодиву нокомиҳои замона ба додрас – офаридгори оламу одам ифшо менамуд.

Дар бораи мо

«Фалак» – мусиқии суннатии касбии мардуми тоҷик мебошад, ки тӯли асрҳо ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷрои вазифа кардааст. Дар суруди «Фалак», асосан, дубайтӣ ва ё рубоие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум бошад.

Суроғаи электронӣ

Бо мо дар тамос шавед бо суроғаи электронӣ