Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ Тағоймурод Хушвақтов 2-юми апрели соли 1949 дар ноҳияи Ёвон таваллуд шудааст. Парвардигор ба ў аҷаб қобилияте ато намуд, ки шеърро шунида зуд аз ёд мекард, ба он оҳанг мебаст ва дилнишин месуруд.
Нобиноӣ дар ниҳодаш қувваи истеъдоду нерўи ҳофиза афзун сохт, дили бино, ақлу шуур, дарку эҳсоси баланди мусиқӣ дошт. Ангуштони панҷааш зеру бами тору рубоб, ғиҷҷаку сеторро ба навозиш оварда, оҳангро тавлид менамуданд.
Ин гули худрўи боғи ҳунар равия ва сабку услуби хоси овозхонӣ дошт, ба касе тақлид намекард, балки дигарон тақлидаш менамуданд. Аз шунидани таронаҳояш сомеъ ба ҳаяҷон омада, шўру шаре дар ботин пайдо ва гузаргоҳи андеша банд мешавад.
«Шамси ман», «Гардиши айём», «Чароғи анҷуман», «Ту садбарги кадом боғӣ», «Чашми ман», «Кошонаи хаёл», «Афсун кунам», «Хуршеди ҷамол», «Навҳаи Кова», «Зулфи анбар», «Тамошо кун», «Ба сомон намеравад», «Печии он зулф», «Доғи ту», «Эй фалак», «Манол, эй андалеб», «Ранҷидаӣ», «Айб макун», «Нолаи модар» аз беҳтарин таронаҳояш мебошанд.
Қории Ёвонӣ ду ҳамсар ва 12 фарзанд дошт. Аз миёни ин 12 фарзанд танҳо Акмал Хушвахтов, ки ҳоло дар остонаи сисолагист, касби падарро интихоб кардааст. Дар суҳбаташ бо хабарнигори радиои Озодӣ Орзуи Карим сабаби интихоби роҳи падарро ин гуна шарҳ додааст: “Ба овозхонӣ завқ надоштам, дар як муҳите, ки тобут дар миёни ҳавлиямон буд, мехостанд, ки тобутробарои хоксупорӣ баранд, як ҳиссе манро ба назди падарам бурд, маҷбур кардам, ки кафанро кушоянд. Кушоданд, гуфтам, ки падар дуоям деҳ, ки ман ҳунарманд мешавам. Ба назарам, ки чеҳраи падарам бозтар шуд, мисле ки табассум кард.”